Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Сухансанҷе, ки мадҳи халқ нафребад ба васвосаш,

Сухансанҷе, ки мадҳи халқ нафребад ба васвосаш, Масеҳои ҷаҳони мурда гардад субҳи анфосаш. Нафас маҳмилкаши чандин ғанову фақр мебошад, Ки дар ҳар омадурафтест гарди ҷоҳу ифлосаш. Зи тору пуди аздод аст ибратбофии гардун, Каҷию ростӣ шуд ҷамъ, то гул кард карбосаш. Фусурдан ҳам камолаш поси оби рӯст дар маънӣ, Нигин аз кандан озод аст, агар созӣ зи алмосаш. Фалак созест мустағнӣ зи вазъи ҳарзаоҳангӣ, Манумои ту мебошад, гар овозест дар тосаш. Маро бар бениёзиҳои Маҷнун рашк меояд, Ки гум кардаст роҳу нест ёди Хизру Илёсаш. Шукӯҳи иззат аз иқболи дунон нанг медорад, Баландӣ то куҷо бар обила хандад зи омосаш?390 Ту з-ин мазраъ нумӯҳои даравомодае дорӣ, Ки дар ҳар ҳафта чун нохун зи гардун медамад досаш. Ба иқлими адам гум кард инсон завқи султонӣ, Ки ваҳми ҳастӣ афканд ин замон дар дасти канносаш. Ҳубоби Бедили моро ғаме дигар намебошад, Нафас зиндонии шарм аст, бояд доштан посаш.