Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Дил ба коми туст, чанде хуррамиизҳор бош,

Дил ба коми туст, чанде хуррамиизҳор бош, Соғаре дорӣ, шикасти рангро меъмор бош. Файзҳо дорад сухан, бар маънии борик печ, Гар дили осуда хоҳӣ, уқдаи ин тор бош. Ҳар чӣ аз васлаш ба якрангӣ наёмезад дилат, Гар ҳама ҷон бошад, аз андешааш безор бош. То ҳузури чашму мижгон ёбӣ аз ҳар хору гул, Чун нигаҳ дар ҳар куҷо по мениҳӣ, ҳамвор бош. Ҳеҷ кас туҳматнишони доғи бенафъӣ мабод, Чатри шоҳӣ гар набошӣ, сояи девор бош. Нанги таътил аз ғами беҳосилӣ натвон кашид, Судани дасте ниёзи ҷаҳд кун, дар кор бош. Нақши пойи рафтагон махмур меояд ба чашм, Яъне, эй вомонда, дар хамёзаи рафтор бош. Монеъи озодагон пасту баланди даҳр нест, Нола аз худ меравад, гӯ, шаш ҷиҳат куҳсор бош. Бар тасалсул хатм шуд даври ғурури субҳаат, Як-ду соғар маҳви ишратхонаи хаммор бош. Ҳарзатозӣ то ба кай? Гоме ба гирди хеш гард, Ҷаҳд бар машқи ту хатте мекашад, паргор бош. Ҳар қадар мижгон кушоӣ, ҷилва дар оғӯши туст, Эй нигоҳат муфти фурсат, толиби дидор бош. Оқибат, Бедил, зи чашми хеш бояд рафтанат, Зарра ҳам кам нест, то бошӣ, ҳамин миқдор бош!