Дилеро ки бахшад гудоз орзуяш,
Дилеро ки бахшад гудоз орзуяш,
Чу шабнам диҳад ғӯта дар оби рӯяш.
Ба ҷамъияти зулфи мушкин бинозам,
Ки аз ҳар буни мӯст ҳайрони рӯяш.
Чаро дил наболад зи ошуфтагиҳо,
Ки чун тоб зад даст дар тори мӯяш.
Чунон нотавонам, ки бар дӯши ҳасрат
Зи худ меравам, гар кашад дил ба сӯяш.
Тавонӣ ба гарди хиромаш расидан,
Зи сабти нафас гар кунӣ ҷустуҷӯяш.
Ба ошиқ зи олудагиҳо чӣ нуқсон?
Ки мижгон бувад домани тарвузӯяш.
Зи тақво надидем ғайр аз фусурдан,
Хушо олами мастию ҳою ҳуяш.
Ба майхонаи ваҳм то чанд бошӣ
Ҳубобе ки хандад пурӣ бар сабӯяш?
Машав моили эътибороти дунё,
Гули шамъ агар дида бошӣ, мабӯяш.
Фалак хоҳад аз ахтарат доғ кардан,
Маҷӯ мағзи роҳат зи тухми кадуяш.
Сабо гарди зулфи кӣ афшонд, ё Раб,
Ки олам димоғи Хутан шуд зи бӯяш.
Нигаҳ мавҷи хун гашт дар чашми Бедил,
Чӣ ранг аст, ё Раб, гули орзуяш?