Хоҳ дар маъмура ҷо кун, хоҳ дар вайрона бош,
Хоҳ дар маъмура ҷо кун, хоҳ дар вайрона бош,
Бо ҳазорон дар паси девори худ чун шона бош.
Чашми ҳиммат ҷуз ба нури ишқ натвон об дод,
Сайқали оинаӣ, хокистари парвона бош.
Даъвии қудрат раҳо кун, ҳеҷ корат баста нест,
Эй саропоят калиди фатҳ, бедандона бош.
Дашти савдо гарди осораш саломатхонаест,
Дар паноҳи сояи мӯ чун сари девона бош.
Корвон умрест аз поси қадам по мехӯрад,388
Пайрави маҳмилкашони лағзиши мастона бош.
Мастии саргаштагони шавқ ноҳинҷор
нест,
Шуълаи ҷаввола шав, сар бар хати паймона бош.
То тааммул мегуморӣ, рафтаанд ин ҳозирон,
Чашм бар маҳфил кушову гӯш бар афсона бош.
Оламе масти хаёли наргиси махмури ӯст,
Гар ту ҳам з-ин нашъа бӯе бурдаӣ, майхона бош.
Бедил, аҷзои нафас то кай фароҳам доштан?
Пой то сар решаӣ, бе эҳтиёти дона бош.