Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Чу абру баҳр зи лофи сахо пушаймон бош,

Чу абру баҳр зи лофи сахо пушаймон бош, Карам куну арақи инфиоли эҳсон бош. Нишоти ин чаман оинадории адаб аст, Чу шабнам об шав, аммо ба чашми ҳайрон бош. Ҳузури обилаи по агар ба даст афтад, Қадам ба афсари шоҳӣ гузору султон бош. Зи хуни худ чу ҳино ранги туҳфае бардор, Гули василаи побӯси хушхиромон бош. Чӣ лозим аст кашӣ ранҷи интизориҳо? Ҷигар чу субҳ ба чоке диҳу гулистон бош. Зи машраби хату холи бутон машав ғофил, Ба ҳусни маънии куфр обрӯйи имон бош. Ҳавопарастии ҷамъият аз фусурдадилист, Чу гард бар сари ин хокдон парешон бош. Куҷост вусъати дигар саводи имконро? Чу шуъла, дар ҷигари санг доғи ҷавлон бош. Зи фикри уқдаи дил чун гуҳар машав ғофил, Даме ки нохуни мавҷат намонд, дандон бош. Далели матлаби ушшоқ будан осон нест, Ба номае ки надорад савод, унвон бош. Ба сози ҳодиса ҳамнағма будан ором аст, Агар замона қиёмат кунад, ту тӯфон бош. Ба ҷуз фано намаки сози зиндагонӣ нест, Тамом шефтаи инӣ, андаке он бош. Дар ин чаман ҳама оҷизнигоҳи дидорем, Ту низ як-ду нигаҳ дар қатори мижгон бош. Чи нанги далқу чи фахри кулоҳ, ғафлати туст, Ба ҳар либос ки бошӣ, зи хеш урён бош. Далели ваҳдат аз афсуни касратӣ, Бедил, Ҳамин қадар ки ба ҷисм ошно шудӣ, ҷон бош.