Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Тапид оина баски дар орзуяш,

Тапид оина баски дар орзуяш, Зи ҷавҳар нафас мезанад мӯбамӯяш. Табассум, такаллум, тағофул, тараҳҳум Намезебад, илло ба рӯйи накӯяш. Ба ҷаннат кӣ мебандад эҳроми таскин? Фишонданд бар захми мо хоки кӯяш. Ниҳоли хаёлам, ки дар чашми биниш Ба сад реша як мӯ наболад нумӯяш. Нигаҳ сӯхт дар дидаи интизорам, Хиромат магар обе орад ба ҷӯяш. Зи бас маҳви он лаъл гардид гавҳар, Арақ ҳам чакидан надорад зи рӯяш. Тароват дар ин хокдон нест мумкин, Гар обест, дорад таяммум вузӯяш. Лаб аз ҳарзасанҷист миқрози ҳастӣ, Сари шамъ ҳам дар сари гуфтугӯяш. Чу най ҳар киро ҳарф бар лаб гиреҳ шуд, Тааммул шакар кард вақфи гулӯяш. Агар интиқом аз фалак меситонӣ, Макун ҷуз ба чашми тарам рӯбарӯяш. Хушо интиқоме, ки аз аҷзи тоқат Шавӣ хоку резӣ ба чашми адӯяш. Чу оташ сиёҳ аст ранги либосат, Ба собуни хокистари худ бишӯяш. Ҷаҳон аз вафо ранги гарде надорад, Ҷигархункуни кас мабод орзӯяш. Бурун аз худат гар ҳама ӯст, Бедил, Мабинаш, мадонаш, махонаш, маҷӯяш!