Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

То кай афсурдан? Даме аз фикри худ вораста бош,

То кай афсурдан? Даме аз фикри худ вораста бош, Сар бурун ор аз гиребон, маънии барҷаста бош. Гар надорӣ ҷуръати аз хонумон барҳам задан, Ҳамчу май хундарҷигар з-ин шишаи нашкаста бош. То бифаҳмӣ рабти истеъдоди ҳастию адам, З-ин ду мисраъ дур магзар, андаке пайваста бош. Рӯзӣ ин ҷо дархури кому даҳан омода аст, Маҳрами минқори сози он ниҳоли писта бош. Азми содиқ мераҳонад чун табат аз банди табъ, Шояд аз пастӣ бурун оӣ, камар мебаста бош. Дахли беҷоят зи дарди аҳли маънӣ ғофил аст, Нохуне то ҳаст, дур аз синаҳои хаста бош. Чанд бошӣ аз фаромӯшони айёми висол? Рангҳои рафта ёдат медиҳам, гулдаста бош. Хостам аз дил бурун орам ғубори ҳасрате, То ба лаб омад нафас, хун гашту гуфт: Оҳиста бош. Аз иқомат шарм дорад, Бедил, истеъдоди шамъ, Ҳар қадар бошӣ дар ин маҳфил, зи по наншаста бош.