Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо

Пурхонандатарин шоирони муосир

Пурхонандатарин шеърҳо

Дониш андар дил чароғи равшан аст

👁 2595

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Забони модарӣ

👁 1725

Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.

Бозор Собир
Бозор Собир

Таджикистан — мой родной край

👁 1454

Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.

Собирова Нигора
Собирова Нигора

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо

👁 1395

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Шикоят аз пирӣ

👁 1137

Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд

👁 1054

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд

👁 1036

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест

👁 845

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Муаллим

👁 835

Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.

Боқӣ Раҳимзода
Боқӣ Раҳимзода

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун

👁 794

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ватан сар мешавад аз гоҳвора

👁 741

Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Одамият

👁 731

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Забон гумкарда

👁 721

Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Биёед эй рафиқон дарс хонем

👁 701

Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Ҷони ширин (қисми 1)

👁 693

Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ

👁 667

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст

👁 637

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.

Шамси Табрезӣ
Шамси Табрезӣ

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед

👁 628

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Найнома

👁 625

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Бӯи ҷӯи Мӯлиён

👁 623

Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳаққи устод аз падар беш аст

👁 612

Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.

К
Камолиддин Биноӣ

ГУЛИ СУРХ

👁 590

Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Хандаи лола

👁 587

Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ватан

👁 577

Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ

👁 563

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳамаи шеърҳо

Чу шабнам, то ниқоби эътибори хеш шақ кардам,423

👁 11

Чу шабнам, то ниқоби эътибори хеш шақ кардам,423 Зи шарми зиндагӣ гуфтам, кафан пӯшам, арақ кардам. Кафи по мешудам, эй кош, аз беэътибориҳо, Ҷабин гардидаму са

Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Чун хома аз заифӣ афлокдастгоҳам,

👁 12

Чун хома аз заифӣ афлокдастгоҳам, Сад ранг лафзу маънӣ болида дар паноҳам. Ҳарчанд чун ҳубобам бе дастгоҳи қудрат, Тасхири олами об таркест аз кулоҳам.

Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Чашмаш афканд тарҳи бедодам,

👁 15

Чашмаш афканд тарҳи бедодам, Сурма ку, то расад ба фарёдам? Сарви туҳматқафас чӣ чора кунад, По ба гил кардаанд озодам.

Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Ҷавлони ҷунун охир бар аҷзи расо бастам,

👁 7

Ҷавлони ҷунун охир бар аҷзи расо бастам, Чун реги равон имрӯз бар обила по бастам. Ҳар кас зи гули ин боғ оини дигар мебаст, Ман даст ба ҳам судам, ранге зи ҳин

Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Ҷуғди вайронаи хаёли худем,

👁 15

Ҷуғди вайронаи хаёли худем, Парфишон, лек зери боли худем. Шамъи бахти сияҳ чӣ афрӯзад? Оташи мурдаи зуголи худем.

Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Пеш о, ки бихонӣ рақами синаи решам,

👁 5

Пеш о, ки бихонӣ рақами синаи решам, Ман номаи афтода ба хок аз кафи хешам. Дар паллаи ҳамсангии ман зарра гарон аст, Худро кам агар нашмарам, охир зи кӣ бешам?

Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Ба гулшан нолае чанд армуғони булбулон бурдам,

👁 12

Ба гулшан нолае чанд армуғони булбулон бурдам, Вафо ҳамдардие мехост, назри дӯстон бурдам. Бинозад олами иқболи иззат бар суҷуди ман, Фалак кардам ғубореро, ки

Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Барги худдорӣ маҷӯед аз дили девонаам,

👁 12

Барги худдорӣ маҷӯед аз дили девонаам, Решаҳо дорад чу ашк аз беқарорӣ донаам. Қомати хамгашта беш аз ҳалқаи занҷир нест, Ғайри ҷинси нола натвон ёфтан дар хона

Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Баъд аз ин аз суҳбати ин девмардум рам кунам,

👁 17

Баъд аз ин аз суҳбати ин девмардум рам кунам, Ғӯл чанде дар биёбон парварам, одам кунам? Дар мизоҷи бадрагон ҷуз фуҳш кам дорад асар, Захми сагро бе луоби саг ч

Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Бар хамӯшӣ задаам, фикри хурӯше дорам,

👁 11

Бар хамӯшӣ задаам, фикри хурӯше дорам, То тавон нола дурудан,418 нафасе мекорам. Имтиҳон гар сари тӯмори яқин бикшояд,

Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Эй наргисат ҳаёкадаи сулҳу ҷанг ҳам,

👁 16

Эй наргисат ҳаёкадаи сулҳу ҷанг ҳам, Сози ғизол роми ту, хашми паланг ҳам. Дунболаҳои абруят аз дил гузаштааст, Меояд аз камони ту кори хаданг ҳам.

Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Аз иззату хорӣ на умедест, на бимам,

👁 13

Аз иззату хорӣ на умедест, на бимам, Ман гавҳари ғалтони худам, ашки ятимам. Дил нест бисоте, ки фузулӣ расад он ҷо, Тури адабам, сурмаи овози Калимам.

Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Вуфури мол ба таъкиди хиссат аст далел,

👁 15

Вуфури мол ба таъкиди хиссат аст далел, Кушоди даст намехоҳад остини тавил. Шарар чӣ бол тавонад кушуд дар дили санг? Чароғ дидаи мӯр аст дар саройи бахил.

Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Навбаҳор орад ба имдоди мани бемор гул,

👁 9

Навбаҳор орад ба имдоди мани бемор гул, То ба ҷойи ранг гардонам ба гирди ёр гул. Дар гулистоне, ки шарм оинадори нози ӯст, Маҳви шабнам мешавад аз шӯхии изҳор

Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Мекунад дарси раме аз рангу бӯ такрор гул,

👁 11

Мекунад дарси раме аз рангу бӯ такрор гул, Бо ҳама бедаступоӣ нест пур бекор гул. Ғунчаҳо аз ҷӯши дилтангӣ гиребон медаранд, Варна, ин гулшан надорад як табассу

Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Метавон дар боғ дид аз синаи афгори гул,

👁 12

Метавон дар боғ дид аз синаи афгори гул, К-ин гуландомон чӣ миқдоранд дар озори гул. Гар табассум з-ин адо чинад бисоти ғунчааш, Медарад минқори булбул хандаи с

Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Гашт бар дили маъюс васлҷӯ шудан мушкил,

👁 19

Гашт бар дили маъюс васлҷӯ шудан мушкил, Пунба дид: бо оташ рӯбарӯ шудан мушкил. Сад шикаст агар ҷӯшад, дил фано намехоҳад, Ранг будан осон аст, лек бӯ шудан му

Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Гар кунад товуси ҳайратхонаи асбоб гул,

👁 11

Гар кунад товуси ҳайратхонаи асбоб гул, Дастгоҳи ранги ӯ бинад ҳамон дар хоб гул. Эй баҳор, аз худфурӯшони дукони ранг бош, Бедимоғонем мо, ин ҷо надорад боб гу

Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Зи ман умрест, мегардад ҷудо дил,

👁 12

Зи ман умрест, мегардад ҷудо дил, Надонам, бо кӣ гардид ошно дил? Зи ҳарфи ишқ хоро мегудозад, Ману розе, ки натвон гуфт бо дил.

Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Захми теғе зи ту бардоштаам ҳамчу ҳилол,

👁 11

Захми теғе зи ту бардоштаам ҳамчу ҳилол, Решаворе ба назар коштаам ҳамчу ҳилол. Қонеъам з-ин чаманистон ба раги барги гуле, Аз табассум лабе анбоштаам ҳамчу ҳил

Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Ба ранге яъс ҷӯшидаст бо дил,

👁 19

Ба ранге яъс ҷӯшидаст бо дил, Ки дард ояд, агар гӯям: Биё, дил. Ҷамолат мақсади чашм аст, ку чашм? Ғамат боби дил аст, аммо куҷо дил?

Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Боз о, ки бе ҷамолат тӯфон шикаста бар дил,

👁 12

Боз о, ки бе ҷамолат тӯфон шикаста бар дил, Ту бор баста бар ноз, мо даст баста бар дил. Сарви ту дар чӣ гулшан дорад хироми ишрат? Чун доғ нақши поят сад ҷо ни

Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Магӯ, паёми вафо ҷаста-ҷаста дорад ранг,

👁 11

Магӯ, паёми вафо ҷаста-ҷаста дорад ранг, Ҳазор нома ба хатти шикаста дорад ранг. Ба оламе ки хаёли ту мекунад ҷавлон, Ғубор ҳам чу шафақ даста-даста дорад ранг.

Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Дар назарҳо маъниям гул мекунад ғайрат ба чанг,

👁 17

Дар назарҳо маъниям гул мекунад ғайрат ба чанг, Хомаам дорад мидод аз маҳзари доғи паланг. Сози офоқ аз навоҳои шикасти дил пур аст,

Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Эй муждаи дидори ту чун ид муборак,

👁 16

Эй муждаи дидори ту чун ид муборак, Фирдавс ба чашме ки туро дид, муборак. Ҷон додаму хоки сари кӯйи ту нагаштам, Бахт ин қадар аз ман написандид муборак.

Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил
Саҳифаи 223 аз 1000