Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Ба ранге яъс ҷӯшидаст бо дил,

Ба ранге яъс ҷӯшидаст бо дил, Ки дард ояд, агар гӯям: Биё, дил. Ҷамолат мақсади чашм аст, ку чашм? Ғамат боби дил аст, аммо куҷо дил? Саропо нола меҷӯшем чун мавҷ, Тапиш хун кард дар ҳар узви мо дил. Даройи корвони дашти яъсем, Чӣ созад, гар нанолад бенаво дил? Суроғи мо ғубори боли анқост, Ба ранги рафта дорад нақши по дил. Зи ашку оҳи муштоқон мапурсед, Ҳуҷуми бисмил аст аз дида то дил. Зи парвози нафас ғофил мабошед, Чу шабнам реша дорад дар ҳаво дил. Зи хоки мо қадам фаҳмида бардор, Мабодо, бишканӣ дар зери по дил. Дар ин маҳфил касе муҳтоҷи кас нест, Ҳамин кори дил афтодаст бо дил. Гирифторам, гирифторам, гирифтор, Намедонам, нафас дом аст ё дил? Ба сурат бедилем, аммо ба маънӣ Бувад чун ашк сар то пойи мо дил.