Боз о, ки бе ҷамолат тӯфон шикаста бар дил,
Боз о, ки бе ҷамолат тӯфон шикаста бар дил,
Ту бор баста бар ноз, мо даст баста бар дил.
Сарви ту дар чӣ гулшан дорад хироми ишрат?
Чун доғ нақши поят сад ҷо нишаста бар дил.
Аз оҳи беасар ҳам мамнуни илтифотем,
К-аз яъс омад охир ин тири ҷаста бар дил.
Натвон ба ҷаҳд бурдан ғалтонӣ аз гуҳарҳо,
Оворагӣ иноне дигар гусаста бар дил.
Шабнам ба боғи ҳасрат дидор мепарастад,
Афтодаам ба роҳат оина баста бар дил.
Афсӯси ин ду дам умр, к-аз яъс боядам зад
Дар ҳар нафас кашидан теғе дудаста бар дил.
Чун ашки шамъ, Бедил, дур аз бисоти васлаш
Оташ фишонда бар сар, мино шикаста бар дил.