Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Магӯ, паёми вафо ҷаста-ҷаста дорад ранг,

Магӯ, паёми вафо ҷаста-ҷаста дорад ранг, Ҳазор нома ба хатти шикаста дорад ранг. Ба оламе ки хаёли ту мекунад ҷавлон, Ғубор ҳам чу шафақ даста-даста дорад ранг. Ҳавои водии шавқи ту баски гулхез аст, Чу шамъ хор ба по гар шикаста, дорад ранг, На гул шиносаму не ғунча, ин қадар донам, Ки ҷилваи ту ба дилҳои хаста дорад ранг. Ҳавас ҳазор гулу лола, гӯ, ба ҳам сояд, Кафат ҳамон зи ҳинои набаста дорад ранг. Бурун нарафта зи худ сайри худ чӣ имкон аст? Шарор дар гираҳи ранги ҷаста дорад ранг. Тарабпарастӣ, аз афсурдагӣ баро, Бедил, Ки шуъла низ зи по нонишаста дорад ранг.