Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Дар назарҳо маъниям гул мекунад ғайрат ба чанг,

Дар назарҳо маъниям гул мекунад ғайрат ба чанг, Хомаам дорад мидод аз маҳзари доғи паланг. Сози офоқ аз навоҳои шикасти дил пур аст, Дар садои кӯҳ як миност лабрези таранг. Бениқобӣ инқадарҳо барнамедорад ҷамол, Ҳар сафоеро ки дидам, мекунад эҷоди занг. Ҳар қадар мино ба санг ояд дар ин номусгоҳ, Хиҷлати изҳор аз рӯйи парӣ шустаст ранг. Дил фазое дошт пеш аз дастгоҳи мовуман, Хонаи оина тимсоли нафасҳо карда танг. Аз ҳадиси кинаҷӯ эмин набояд зистан, Ҳар куҷо дам мезанад, дуди дигар дорад туфанг. Аз мудорои фалак мумкин мадон ороми халқ, Хоб ку, гар баҳри оҳу пӯст андозад паланг? Маҳрами дарди дили мо кас дар ин куҳсор нест, Бар садои нотавонон сина молидаст санг. Рангҳо дорад саводи сурмаи чашми бутон, Килки наққошон садаф гул карда дар хоки Фаранг. Фаҳми ҳукмандозии шасти қазо осон магир, Дар таҳи боли парӣ ин ҷо паре дорад хаданг. Бо тааммул машварат дар кори ҳақ ҷустан хатост, Домани фурсат кам афтодаст дар дасти диранг. Бедил, ин ҷо офатимдод аст саъйи офият, Фикри соҳил метарошад киштӣ аз коми наҳанг.