Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Захми теғе зи ту бардоштаам ҳамчу ҳилол,

Захми теғе зи ту бардоштаам ҳамчу ҳилол, Решаворе ба назар коштаам ҳамчу ҳилол. Қонеъам з-ин чаманистон ба раги барги гуле, Аз табассум лабе анбоштаам ҳамчу ҳилол. Оқибат саркашиям саҷдафурӯшиҳо кард, Дар дами теғ сипар доштаам ҳамчу ҳилол. Нашавад арзи камолам калафи чеҳраи аҷз, Дар бағал оина нагзоштаам ҳамчу ҳилол. Сақфи кӯтоҳи фалак маърази раъноӣ нест, Аз хамидан алам афроштаам ҳамчу ҳилол, Нотавонӣ чӣ қадар ҷавҳари қудрат дорад. Осмон бар мижа бардоштаам ҳамчу ҳилол, Бедил, аз ҳастии ман побарикоб аст намуд, Шомро ҳам саҳар ангоштаам ҳамчу ҳилол.