Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Зи ман умрест, мегардад ҷудо дил,

Зи ман умрест, мегардад ҷудо дил, Надонам, бо кӣ гардид ошно дил? Зи ҳарфи ишқ хоро мегудозад, Ману розе, ки натвон гуфт бо дил. Ба фикри новаки абрӯкамоне Чу пайконам гиреҳ аз сина то дил. Ба уммеди парӣ минопарастем, Зи шавқат кард бар мо нозҳо дил. Нафас оинаро зангори яъс аст, Зи ҳастӣ бохт уммеди сафо дил. Ба ранги лола нақди дигарам нест, Магар аз доғ хоҳад хунбаҳо дил. Тапишгумкарда ашке нотавон чашм, Гираҳболида оҳе норасо дил. Саботе нест бунёди нафасро, Ҳубоби мо чӣ бандад бар ҳаво дил? Мазан, эй бехабар, лофи муҳаббат, Мабодо, об гардад аз ҳаё дил. Дар он маъраз, ки ҷӯшад шӯри маҳшар, Қиёмат ҳам ту хоҳӣ буд ё дил. Ҳарифон, аз нишони ман мапурсед, Хаёле доштам, гум гашт бо дил. Фусурдан, Бедил, аз бедардиям нест, Чу мавҷи гавҳарам дар зери по дил.