Гар кунад товуси ҳайратхонаи асбоб гул,
Гар кунад товуси ҳайратхонаи асбоб гул,
Дастгоҳи ранги ӯ бинад ҳамон дар хоб гул.
Эй баҳор, аз худфурӯшони дукони ранг бош,
Бедимоғонем мо, ин ҷо надорад боб гул.
Аз худам ёди ҷамоли майфурӯше бурдааст,
К-аз табассум ҷамъ дорад бо шароби ноб гул.
Ҷуз хамӯшӣ барнатобад маҳфили таслими ишқ,
Аз чароғи кушта ин ҷо мекунад одоб гул.
Офатэҷод аст сози зиндагӣ, ҳушёр бош,
Аз тароват хона дорад дар раҳи селоб гул.
Файзи хомӯшӣ ба боди лабкушуданҳо мадеҳ,
Эй зи худ ғофил, ҳамин дар ғунча дорад об гул.
Гулшани доғем, аз нашвунумои мо мапурс,
Дар баҳори мо зи оташ мешавад сероб гул.
Мӯйи чинӣ гар ба сомони сафедӣ мерасад,
Шоми мо ҳам метавонад чидан аз маҳтоб гул.
Беқарори ишқ ҳаргиз рӯйи ҷамъият надид,
Ҷуз парешонӣ накард аз нолаи бетоб гул.
Ғарраи ишрат машав, к-ин навбаҳори умрном
Ноумединакҳат асту матлабиноёбгул.
Эй ғаниматҷилва, фурсат парфишони ваҳшат аст,
Ранге аз табъи ҳавас хандидаӣ, дарёб гул.
Маънии равшан ба чандин печутоб омад ба каф,
Кард, Бедил, гавҳари мо аз дили гирдоб гул.