Навбаҳор орад ба имдоди мани бемор гул,
Навбаҳор орад ба имдоди мани бемор гул,
То ба ҷойи ранг гардонам ба гирди ёр гул.
Дар гулистоне, ки шарм оинадори нози ӯст,
Маҳви шабнам мешавад аз шӯхии изҳор гул.
Боғбон, аз даври гардони чаман ғофил мабош,
То каям дар дида бошад рахнаи девор гул?
Аз хамӯшӣ пардадори шӯхии ҳусн аст ишқ,
Мекунад булбул ниҳон дар ғунчаи минқор гул.
То нафас боқист, бояд хасми роҳат буду бас,
Ҳам зи бӯйи хеш дорад дар гиребон хор гул.
Рангу бӯ номаҳрами файзи баҳори нестист,
Хоки роҳе бошу аз ҳар нақши по бардор гул.
Гар зи асрори баҳори ишқ бӯе бурдаӣ,
Ғайри доғу захму ашку обила машмор гул.
Бар бисоти ғунчахуспон гар расӣ, оҳиста бош,
Мешавад аз ҷунбиши набзи нафас бедор гул.
Ин ҳадис аз шамъ равшан шуд, ки дар базми вафо
Доғ дорад зеби дил чун зинати дастор гул.
Ҳосили ин боғ бар доман гаронӣ мекунад,
Чун сипар бар пушт бояд бастанат ночор гул.
Ҷилва дар пеш аст, ташвише дигар иншо макун,
Ҳар куҷо бошад, ҳамон бо ранг дорад кор гул.
Шӯхии нашвунумоҳо баски шабнампарвар аст,
Сабза чун мижгони Бедил карда гавҳарбор гул.