Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Мекунад дарси раме аз рангу бӯ такрор гул,

Мекунад дарси раме аз рангу бӯ такрор гул, Бо ҳама бедаступоӣ нест пур бекор гул. Ғунчаҳо аз ҷӯши дилтангӣ гиребон медаранд, Варна, ин гулшан надорад як табассумвор гул. Ҳамчу шабнам боядат ҳайрат ба доман карду бас, Ин чаман дорад ба қадри дидаи бедор гул. Офият муфт аст, агар дар забти худ кӯшад касе, Чун парешон шуд, нагардад ҷамъ дигар бор гул. Бӯи дарде метаровад аз мизоҷи навбаҳор, Дар ғубори ранг дорад нолаи бемор гул. Ваҳшате мебояд, асбобе дигар даркор нест, Ҳар қадар з-ин боғ доман чидаӣ, бардор гул. Тарзи равшанмашрабон бегона аз ороиш аст, Шамъро мушкил, ки гардад зинати дастор гул. Ин қадар захм ошёни новаки бедоди кист? Орзу чидаст аз дил то лаби сӯфор гул. Улфати асбоб манъи шавқи ваҳшатпеша нест, Садди роҳи бӯ намегардад ба сад девор гул. Булбули мо бехабар бар шуълаи овоз сӯхт, Бедил, ин ҷо дошт аз ранг оташе ҳамвор гул.