Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Метавон дар боғ дид аз синаи афгори гул,

Метавон дар боғ дид аз синаи афгори гул, К-ин гуландомон чӣ миқдоранд дар озори гул. Гар табассум з-ин адо чинад бисоти ғунчааш, Медарад минқори булбул хандаи саршори гул. Эй ситамгар, бар дуруштӣ нози раъноӣ мачин, Дар назарҳо мехалад, ҳарчанд бошад хори гул. Фурсати нашвунумо айёри ин бозича аст, Ранг то пар мекушояд, мебарад дастори гул. Хонавайрон аст ин ҷо, то ба худ ҷунбад насим, Хишт чинад то куҷо бар рангу бӯ меъмори гул? Паҳлуи ҳиммат макун фарши бисоти эътибор, Махмали кимхоб дорад давлати бедори гул. Бояд аз дил то ба лаб чандин гиребон чок зад, Кори осоне мадон хандидани душвори гул. Боғи имкон дарсгоҳи узри бесармоягист, Ранг ку, то гардише иншо кунад паргори гул? Ғафлати бедард пур беибратам бурд аз чаман, Нолаи дил дошт бӯ дар бистари бемори гул. Мо ба фикри моя афтодему кор аз даст рафт, Рангу бӯ савдои муфте буд дар бозори гул. Мебарад хоби баҳори нозам аз ёди хаташ, Бе фусуне нест, Бедил, сояи девори гул.