Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Чу шабнам, то ниқоби эътибори хеш шақ кардам,423

Чу шабнам, то ниқоби эътибори хеш шақ кардам,423 Зи шарми зиндагӣ гуфтам, кафан пӯшам, арақ кардам. Кафи по мешудам, эй кош, аз беэътибориҳо, Ҷабин гардидаму сад ранг хиҷлат дар табақ кардам. Чу субҳам як тааммул дарси ҷамъият нашуд ҳосил, Ба сатре, к-аз нафас хондам, зи худ рафтан сабақ кардам. Ба ҳайрат санъати оинаро бурдам ба кор охир, Парешон буд аҷзои тамошо, як варақ кардам. Мапурсед аз қаноатмашрабиҳои ҳубоби ман, Ба соғар обрӯе доштам, садди рамақ кардам. Ба ҳар ҷо фикри мастӣ нест, махмурӣ намебошад, Ҳавасҳои ғано буд ин, ки худро мустаҳақ кардам. Шабе омад ба ёдам гармии андози оғӯше, Чунон аз худ бурун рафтам, ки пиндорам, арақ кардам. Забони истилоҳи рамзи тавҳидам кӣ мефаҳмад? Ки ман ҳар гоҳ гаштам ғофил аз худ, ёди Ҳақ кардам. Нафас аз диққати фикрам ҳуҷуми шуъла шуд, Бедил, Нишастам он қадар дар хун, ки субҳеро шафақ кардам.