Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Бар хамӯшӣ задаам, фикри хурӯше дорам,

Бар хамӯшӣ задаам, фикри хурӯше дорам, То тавон нола дурудан,418 нафасе мекорам. Имтиҳон гар сари тӯмори яқин бикшояд, Решаи донаи тасбеҳ дамад зуннорам. Маркази ҳиммати ман хонаи хуршеди ғаност, Пастии соя нагирад камари деворам. Шамъ дар хилвати хомӯшии ман сарфа набурд, Бенафас кард забонро адаби асрорам. Хизри ҷаҳдам нашавад қофилаи сайри баҳор, Боли товусаму сад маҳмили рангин дорам. Ҳар куҷо теғи ту бунёд кунад гул чидан, Рақс гирад чу сари шамъ зи сар дасторам. Ишқ таъмири биноям ба чӣ офат ки накард, Селпарвардаи тардастии ин меъморам. Чун шарар фурсати ҳастӣ нигаҳе беш набуд, Сӯхт ин нусхаи ибрат нафаси такрорам. Нақши по чашме агар боз кунад, дидан ку? Натавон кард ба афсуни нигаҳ бедорам. З-ин надоматкада чун мавҷи гуҳар мехоҳам Он қадар судани дасте, ки кунад ҳамворам. Раги гул ҷавҳари оинаи шабнам нашавад, Беҳ, ки ман доман аз ин боғ ба чин афшорам.420 Олам аз ҷавҳари беқадрии ман ғофил нест, Бедил, аз гарди касод оинаи бозорам.