Эй наргисат ҳаёкадаи сулҳу ҷанг ҳам,
Эй наргисат ҳаёкадаи сулҳу ҷанг ҳам,
Сози ғизол роми ту, хашми паланг ҳам.
Дунболаҳои абруят аз дил гузаштааст,
Меояд аз камони ту кори хаданг ҳам.
Танҳо на даф зи ҳалқабагӯшони базми туст,
Дорад саре ба фикри суҷуди ту чанг ҳам.
Рангинии либос чӣ миқдор дилкаш аст,
Гул кардааст ин ҳавас аз табъи санг ҳам.
Аз огаҳӣ ба мағзи хирад ҷамъ кардаем
Кайфияте, ки нест дар авҳоми банг ҳам.
Зону задан зи хасм, мапиндор, оҷизист,
Пайдост ин адо дами кин аз туфанг ҳам.
Эй хиссатат уқубати ҷовид, ҳуш дор,
Бадтар зи қабр мефишурад чашми танг ҳам.
Роҳест роҳи умр, ки худ қатъ мешавад,
Васли фано шитоб надорад, диранг ҳам.
Аҷзест дар мизоҷи таҳайюрсиришти ман,
К-аз хеш рафтанам нашикастаст ранг ҳам.
Дар коргоҳи ишқ саломат чӣ мекунад?
Ин ҷо ба табъи шиша хазидаст санг ҳам.
Бе улфати либос зи урёнтанӣ чӣ бок?
Ҷинси дукони фахрпарастист нанг ҳам.
Бедил, мабод мункири ҷоми тиҳӣ шавӣ,
Дорад ҳузури қулқули мино таранг
ҳам.