Пеш о, ки бихонӣ рақами синаи решам,
Пеш о, ки бихонӣ рақами синаи решам,
Ман номаи афтода ба хок аз кафи хешам.
Дар паллаи ҳамсангии ман зарра гарон аст,
Худро кам агар нашмарам, охир зи кӣ бешам?
Ворастагиям нашъаи кайфияти унсест,
Чун маънии бегона ба табъи ҳама хешам.
Таслимсириштон ғами офот надоранд,
Дар хонаи занбӯр асалпарвари нешам.
Сад тӯли амал пашми хаёл аст дар ин ҷо,
Зоҳид, нашавӣ ғарра, ки ман соҳиби ришам.
Барҳам задани силсилаи риш муҳол аст,
Умрест, ки ҳамсуҳбати хирсу бузу мешам.
Ҷои ҳама холист ба чашми мани ҳайрон,
Аз неку бадам нест хабар, оинакешам.
Ин қофила гарди асари ғайр надорад,
Гар як қадам аз худ гузарам, аз ҳама пешам.
Бедил, агарам айби касе дар назар омад,
Инсоф арақ гашту кашид оина пешам.