Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Ба гулшан нолае чанд армуғони булбулон бурдам,

Ба гулшан нолае чанд армуғони булбулон бурдам, Вафо ҳамдардие мехост, назри дӯстон бурдам. Бинозад олами иқболи иззат бар суҷуди ман, Фалак кардам ғубореро, ки то он остон бурдам. Чӣ имкон зарраро бе ҷилваи хуршед пайдоӣ? Туро дидам, ки ман ҳам андаке бар худ гумон бурдам. Кафи дасти дуо шуд чун ҳилолам чини пешонӣ, Иҷобатҳо зи файзи саҷдаат бар осмон бурдам. Дар аъзоям табассум то қиёмат лаб намебандад, Ба иқболи нигин номи ту, гӯӣ, бар забон бурдам. Надонистам, ба кӯяш ҷуз адаб чизе намеарзад, Дил он ҷо туҳфа бурдам, лек пур беимтиҳон бурдам. Ба хок афкандам аз саъйи нафас бунёди ҳастиро, Ба дӯши ваҳшати ҳар тир зӯре з-ин камон бурдам. Зи бас қатъи ҳавасҳо дар камини ғайратам дорад, Ҳама гар ранги гул гардид, теғе бар фасон бурдам. Надорад субҳ осон чашм бар хуршед во кардан, Нафасҳо сӯхтам, то з-ин танӯри сард нон бурдам. Зи хони офариниш бурд ҳар кас қисмате, аммо Ҳамин ман пеши ёрон бенасибӣ аз миён бурдам. Ба ин ғафлат намебошад фиреби зиндагӣ хӯрдан, Мани беҳис нафас пиндоштам, бори гарон бурдам. Надидам дар қимори зиндагӣ ҷуз бохтан, Бедил, Аз ин бозича боре дови муфте буд, ҷон бурдам.