Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Барги худдорӣ маҷӯед аз дили девонаам,

Барги худдорӣ маҷӯед аз дили девонаам, Решаҳо дорад чу ашк аз беқарорӣ донаам. Қомати хамгашта беш аз ҳалқаи занҷир нест, Ғайри ҷинси нола натвон ёфтан дар хонаам. Хоки домангир дорад сарзамини бехудӣ, Сел бе ташвиши доме нест дар вайронаам. Дил зи дасти шӯхии вазъи нафас хун мехӯрад, Шамъ дорад ларза аз боди пари парвонаам. Илтифоти зиндагӣ ташвиши асбоб асту бас, Он қадар к-аз хеш дурам, аз ҳавас бегонаам. Дастгоҳи орият хиҷлаткамини кас мабод, Сад шабехун рехт нури шамъ бар кошонаам. Дӯстонро баски афсуни тағофул танг дошт, Гӯшҳо дар чашм хобонданд аз афсонаам. Мазраи офоқ офатхирмани нашвунумост, Ҳамчу мӯр, аз реша, тарсам, пар барорад донаам. Баски дар ҳам мезанад беҷавҳарӣ аҷзои ман, Чун дами шамшери мижгон сар ба сар дандонаам. То шавад равшантар асбобе, ки бояд сухтан, Эҳтиёҷи шамъ дорад хонаи парвонаам. Захмии эҷодам, аз тадбири ман осуда бош, Дар шикастан гашт гум чун мӯи чинӣ шонаам. Бедил, аз кайфияти шавқи гирифторӣ мапурс, Нолаи занҷир ҳар ҷо гул кунад, девонаам.