Ҳар чӣ дар дил гузарад, вақфи забон дорад шамъ,
Ҳар чӣ дар дил гузарад, вақфи забон дорад шамъ,
Сӯхтан нест хаёле, ки ниҳон дорад шамъ.
Нури таҳқиқ зи лофи дами ҳастӣ кадар
аст,
Аз нафас, гар ҳама ҷон аст, зиён дорад шамъ.
Хомушӣ мешавад охир сипари теғи забон,
Доғ чун ҳалқа занад, хатти амон дорад шамъ.
Хоб дар дидаи ошиқ накашад рахти ҳавас,
Сурмаи шуъла ба чашми нигарон дорад шамъ.
Ранги ошуфта матоъи ҳавасороии мост,
Дар тамошогаҳи парвоз дукон дорад шамъ.
Раҳбари олами осудадилӣ хомӯшист,
Хор дар пойи худ аз дасти забон дорад шамъ.
Изтиробу тапишу сӯхтану доғ шудан,
Он чи дорад пари парвона, ҳамон дорад шамъ.
Нашавад шиква гиреҳ дар дили равшангуҳарон,
Дуд дар сина муҳол аст ниҳон дорад шамъ.
Зомини равнақи ин базм гудози дили мост,
Сӯхтан баҳри нишоти дигарон дорад шамъ.
Нашавад сайқали оинаи ин базм чаро?
Асаре аз нафаси сӯхтагон дорад шамъ.
Заъфаронзори тараб сайри рухи коҳии мост,
Навбаҳоре дигар аз ранги хазон дорад шамъ.
Сӯхтан муфти тамошо, мижае боз кунед,
К-аз фусурдан ба камин хоби гарон дорад шамъ.
Бетамиз
аст ҳаё, ҳусн чу саршор афтад,
Ранги худро пари парвона гумон дорад шамъ.
Рафтан аз дидаи худ тарзи хироме дигар аст,
Бедил, ин ҷо сифати сарви равон дорад шамъ.