Мабод, домани кас гирам аз фусуни ғараз,
Мабод, домани кас гирам аз фусуни ғараз,
Кафи умед ҳино бастаам ба хуни ғараз.
Таваҳҳум оинаи эҳтиёҷи якдигар аст,
Муназзаҳем вагарна зи чанду чуни ғараз.
Фазои шаш ҷиҳатам поймоли истиғност,
Ҳанӯз дар хами занҷирам аз ҷунуни ғараз.
Зи баҳр баҳраи серӣ набурд чашми ҳубоб,
Пурист мунфаил аз косаи нигуни ғараз.
Ҳарифи тешаи ибром будан осон нест,
Ҳазар кунед зи Фарҳоди Бесутуни ғараз.
Дил аз умед бипардоз, ҷаҳл муфти ғаност,
Ҷаҳон тамом Фалотун шуд аз фунуни ғараз.
Надошт забти нафас ғайри офият манзур,
Шунидам аз лаби хомӯш ҳам фусуни ғараз.
Суроғи анҷумани кибриё зи дил ҷустам,
Тапиду гуфт: Ҳамин як қадам буруни ғараз.
Ба рӯйи кас мижа аз шарм барнадоштаем,
Мабод Бедили мо ин қадар забуни ғараз!