Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Бар ҷунун натвон шуд аз ақли адабпарвар муҳит,

Бар ҷунун натвон шуд аз ақли адабпарвар муҳит, Саъйи гавҳар то куҷоҳо танг гирад бар муҳит? Ғайри бекорӣ чӣ меояд зи дасти муфлисон? Нест ҷуз бар нотавонӣ пайкари лоғар муҳит. Баҳраи осоиши доно зи гардун равшан аст, Аз ҳубобу мавҷ дорад болишу бистар муҳит. Софтабъонро ба пастӣ менишонад чархи дун, Бо ҳама равшандилӣ дурд аст гавҳар дар муҳит. Кард дилро поймоли орзу саъйи нафас, Мавҷ охир аз ҳаво афтод ғолиб бар муҳит. Ҳар касеро дархури асбоб ташвиш асту бас, Аз ҳуҷуми мавҷ бар худ мекашад лашкар муҳит. Оламеро мекашӣ зери нигини эътибор, Гар шавӣ бар обрӯйи хеш чун гавҳар муҳит. Қобили таҳрири ашкам нест тӯмори дигар, Сафҳаворе шояд аз тӯфон занад мистар муҳит. Иззату хорӣ ғубори соҳили тамйизи мост, Варна, аз каф фарқ нагрифтаст то анбар муҳит. Бе надомат нест ҳастӣ, ҳар қадар болад нафас, Мавҷ то боқист, дасте мезанад бар сар муҳит. Бедил, аз вазъи қаноат бори дӯши кас наем, Киштии мо чун садаф гирад ба сар камтар муҳит.