Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Пур кӯтаҳ аст дасти ба ҳар сӯ дарози ҳирс,

Пур кӯтаҳ аст дасти ба ҳар сӯ дарози ҳирс, Ғайр аз гиреҳ ба ришта набастаст сози ҳирс. Узлат гузидаему ба сад кӯча метапем, Оҳ аз қаноате ки нашуд бениёзи ҳирс! Дар ранги обрӯ зарат аз киса меравад, Анҷоми шамъ бину мапурс аз гудози ҳирс. Хокему ҳар чӣ гул кунад аз мо, ғанимат аст, Эй ғофилон, чӣ вазъи қаноат, чӣ сози ҳирс? Осори шарм аз назари халқ бурдаанд, Хоке магар шавад мижаи чашми бози ҳирс. Аз табъи дун ҳанӯз ба пастӣ намерасад, Гар по хӯрад зи нақши қадам сарфарози ҳирс. Доман начида эмин аз олудагӣ мабош, К-ин мазбала пур аст зи бавлу бирози ҳирс. Он ҷо ки офиятталабӣ азми ҷустуҷӯст, Гоме ба мақсад аст қариб эҳтирози ҳирс. То марг чун нафас зи такутоз чора нест, Хуш оламест олами беимтиёзи ҳирс. Бедил, чу субҳ сурати хамёза бастааст Аз хок то сипеҳр нишебу фарози ҳирс.