Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Тапид оина баски дар орзуяш,
Тапид оина баски дар орзуяш, Зи ҷавҳар нафас мезанад мӯбамӯяш. Табассум, такаллум, тағофул, тараҳҳум Намезебад, илло ба рӯйи накӯяш.
То кай афсурдан? Даме аз фикри худ вораста бош,
То кай афсурдан? Даме аз фикри худ вораста бош, Сар бурун ор аз гиребон, маънии барҷаста бош. Гар надорӣ ҷуръати аз хонумон барҳам задан, Ҳамчу май хундарҷигар
Ба лавҳи ибрати Қоруну умри рафта ба ранҷаш
Ба лавҳи ибрати Қоруну умри рафта ба ранҷаш Касе ҷуз ин чӣ нависад, ки хок бар сари ганҷаш. Чунин ки неку бади халқ чораҷӯст зи каслат,384 Шикасти ранг чӣ сафро
Эй хаёловораи найранги ҳуш,
Эй хаёловораи найранги ҳуш, То тавонӣ, дар шикасти ранг кӯш. То нафас боқист, мовуман ба ҷост, Шамъ бе куштан намегардад хамӯш.
Об аз ёқут мерезад такаллум карданаш,
Об аз ёқут мерезад такаллум карданаш, Ҷайби гавҳар медарад завқи табассум карданаш. З-он ситампиро насиби мо ба ғайр аз ҷавр нест, Кист, ё Раб, то бувад боби та
Нест бе шӯри ҳаводис омадурафти нафас,
Нест бе шӯри ҳаводис омадурафти нафас, Корвони мавҷ дорад дар шикасти худ ҷарас. Боғи имконро шикасти ранг мебошад камол, Эй самар, гар фурсате дорӣ, ба коми хе
Субҳ асту дорад он гул дар сар ҳавои наргис,
Субҳ асту дорад он гул дар сар ҳавои наргис, Аз чашми мо бирезед обе ба пои наргис. Абри баҳори иқбол имрӯз сояи кист? Гул карда тоҷ бар сар боли ҳумои наргис.
Зиндагӣ маҳруми такрор асту бас,
Зиндагӣ маҳруми такрор асту бас, Чун шарар ин ҷилва як бор асту бас. Аз адам ҷӯед субҳ, эй ғофилон, Олам аст ин ҷо, шаби тор асту бас.
Завқи шуҳратҳо далели фитрати хом асту бас,
Завқи шуҳратҳо далели фитрати хом асту бас, Сурати нақши нигин хамёзаи ном асту бас. Навҳа кун бар хеш, агар мағлуби чашм афтод дил, Офтоб он ҷо ки зери хок шуд
Чашм во кун, шаш ҷиҳат ёр асту бас,
Чашм во кун, шаш ҷиҳат ёр асту бас, Ҳар чӣ хоҳӣ дид, дидор асту бас. Субҳа бар зуннори ваҳме бастаанд, Ин гиреҳ гар во кунӣ, тор асту бас.
Аз лаби хомуш забон вомондаи ком асту бас,
Аз лаби хомуш забон вомондаи ком асту бас, Бол аз парвоз чун монд, ошён дом асту бас. Маркази тасхири дил ҷуз дида натвон ёфтан, Гӯши мино ҳалқае гар дорад, он
Наргисаш во мекунад тӯмори истиғнои ноз,
Наргисаш во мекунад тӯмори истиғнои ноз, Яъне, аз мижгони ӯ қад мекашад болои ноз. Сарви ӯ мушкил, ки гардад моили оғӯши ман, Хам шуданҳо бурдаанд аз гардани ми
Кай равад аз хотири ошуфтаам савдои ноз?
Кай равад аз хотири ошуфтаам савдои ноз? Мӯбамӯям реша дорад аз хаташ ғавғои ноз. Аршпарвоз аст маънӣ, то замингир аст лафз, Ин қадар аз аҷзи ман қад мекашад бо
Ҷоме магар аз базми ҳаё дарзадаӣ боз,
Ҷоме магар аз базми ҳаё дарзадаӣ боз, К-оташ ба дили шишаву соғар задаӣ боз? Он зулфи парешон задаӣ шона, надонам, Бар дафтари дилҳо зи чӣ мистар задаӣ боз?
Пӯч аст сарбасар фалаки бемадормағз,
Пӯч аст сарбасар фалаки бемадормағз, Чун шиша з-ин каду маталаб, зинҳор, мағз. Роҳат кунад ба сахтии айём нармхӯ, Аз устухон ба хеш барорад ҳисор мағз.
Ҳавои теғи ту афтод то маро дар сар,
Ҳавои теғи ту афтод то маро дар сар, Ба мавҷи чашмаи хуршед мезанам соғар. Ҳузури манзили дил хатми ҷодаи нафас аст, Пайи давидани ҳар реша мерасад ба самар.
Ҳамнишин, бо ман зи ташвиши ҳавасҳо кин магир,
Ҳамнишин, бо ман зи ташвиши ҳавасҳо кин магир, Хобам аз сар мепарад, номи пари болин магир. Корвони субҳу сомони таваққуф хиффат аст,
Мерасад аз гиря имшаб дар димоғам бӯи шир,
Мерасад аз гиря имшаб дар димоғам бӯи шир, Равғане оварда бошад пириям бар рӯи шир. Дар талоши ризқ ҳар кас дасту пое мезанад, Пиру ақсоми такупӯ, тифлу ҷустуҷӯ
Мардӣ, чу шамъ дар ҳама ҷо ҷо нигоҳ дор,
Мардӣ, чу шамъ дар ҳама ҷо ҷо нигоҳ дор, Ҳарчанд сар ба бод равад, по нигоҳ дор. Гавҳар дамад, даме ки кунад қатра забти мавҷ, Дил ҷамъ кун, инони ҳавасҳо нигоҳ
Қади хамида надорад ба ғайри нола ҳузур,
Қади хамида надорад ба ғайри нола ҳузур, Ки нест хонаи занҷир бе садо маъмур. Вуҷуди орият оинадори таслим аст, Махоҳ ғайри хамидан зи пайкари муздур.
Сайри гулзори кӣ, ё Раб, дар назар дорад баҳор?
Сайри гулзори кӣ, ё Раб, дар назар дорад баҳор? Аз пари товус доман бар камар дорад баҳор. Шабнами моро ба ҳасрат об мебояд шудан, К-аз дили ҳар зарра тӯфоне ди
Дарси ҳастӣ фикри такроре надорад, хонда гир,
Дарси ҳастӣ фикри такроре надорад, хонда гир, Эй фузули мактаби ранг, ин варақ гардонда гир. Он қадарҳо нест бори улфати ин корвон, Доманат гарди нафас дорад, ч
Дар гулистоне, ки сарви ӯ набошад ҷилвагар,
Дар гулистоне, ки сарви ӯ набошад ҷилвагар, Шохи гул шамшери хунолудам ояд дар назар. Дасти ҷуръатҳо ба чини остин гардад бадал, То тавонад ҳалқа гардидан ба он
Дар ҳавасгоҳи олами бекор
Дар ҳавасгоҳи олами бекор Агарат нохунест, сар мехор. Магзар аз ишрати бараҳнасарӣ, Пойпеч аст печиши дастор.
Даст дорӣ, барфишон чун гул дар ин гулзор зар,
Даст дорӣ, барфишон чун гул дар ин гулзор зар, Доғ мехоҳӣ, бинеҳ чун лола дар куҳсор сар. То магар дар базмгоҳи ишқ парвозат диҳанд, Ҳамчу парвона ба мавҷи шуъл

