Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Об аз ёқут мерезад такаллум карданаш,

Об аз ёқут мерезад такаллум карданаш, Ҷайби гавҳар медарад завқи табассум карданаш. З-он ситампиро насиби мо ба ғайр аз ҷавр нест, Кист, ё Раб, то бувад боби тараҳҳум карданаш? Дар арақ з-он чеҳраи хуршедсимо равшан аст Барқи чандин шуъла вақфи кишти анҷум карданаш. Турки ман метозад ошӯби қиёмат дар рикоб, Нест бок аз хоки раҳ дар чашми мардум карданаш. Бандаи пири хароботам, ки аз таълифи шавқ Як ҷаҳон дил ҷамъ кард ангур дар хум карданаш. Дар вузӯ зоҳид чӣ тӯфон бар сари об оварад, Менишонад хокро дар хун таяммум карданаш. Дил агар ҷамъ аст, гӯ, олам парешонҷилва бош, Гавҳар осудаст дар баҳр аз талотум карданаш. Дар пайи рӯзӣ талоши одамӣ имрӯз нест, Аз азал овора дорад фикри гандум карданаш. Кулфати ҳастӣ тапишҳо сӯхт дар набзи нафас, Риштаи ин соз хун шуд аз тараннум карданаш. Чун саҳар шӯри нафас гарди хаёле беш нест, То ба кай оинаи ҳастӣ таваҳҳум карданаш? Бар дили озурда тамҳиди шукуфтан офат аст, Ҷом дар хун мезанад захм аз табассум карданаш. Бе лаби дилдор Бедил ғӯта зад дар мавҷи ашк, Оқибат афканд дар дарё гуҳар гум карданаш.