Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Субҳ асту дорад он гул дар сар ҳавои наргис,

Субҳ асту дорад он гул дар сар ҳавои наргис, Аз чашми мо бирезед обе ба пои наргис. Абри баҳори иқбол имрӯз сояи кист? Гул карда тоҷ бар сар боли ҳумои наргис. Обу гили таайюн ин дилкашӣ надорад, Ранги шикастаи кист сарфи бинои наргис? Ҳамчашми навбаҳорам, хобам чӣ эҳтимол аст? Дорам ғунудан, аммо то ғунчаҳои наргис. Бе интизор натвон аз васл коми дил бурд, Гул мерасад дар ин боғ яксар қафои наргис. Ҳайрат буруни ин боғ роҳе намекушояд, Ҳарчанд руста бошад чашм аз асои наргис. Моро ба ин ду дам айш бо чатри гул чӣ кор аст? Ҳамсояи хазонем зери ливои наргис. Иқболи авҷи гардун гар мекушуд коре, Майли замин намекард дасти дуои наргис. Тақлид чанд пояд дар ҷилвагоҳи таҳқиқ? Помоли нури шамъ аст ранги бақои наргис. Мазмуни пеши по низ осон наметавон хонд, Сад сифру як алиф буд ибратфизои наргис. Чандон ки во расидам, ранги хазон ҷунун дошт, Эй кош, доғ меруст з-ин боғ ҷои наргис. Бедил, зи чашми мардум дур аст ҳақшиносӣ, Кӯрист хирман ин ҷо чун дастаҳои наргис.