Ҳамнишин, бо ман зи ташвиши ҳавасҳо кин магир,
Ҳамнишин, бо ман зи ташвиши ҳавасҳо кин магир,
Хобам аз сар мепарад, номи пари болин магир.
Корвони субҳу сомони таваққуф
хиффат аст,
Бор бар дӯши дил аз забти нафас сангин магир.
Мушти хокат аз фусурдан бар замин ҷо танг кард,
Эй гаронҷон, инқадарҳо домани тамкин магир.
Ҳайф меояд ба фикри мову ман дил бастанат,
Ин хаёли мубтазалро
қобили тазмин магир.
Бар кушоди чашм мавқуф аст тасхири ҷиҳот,
Тӯлу арзи даҳр беш аз як мижа тахмин магир.
Дастгоҳи олами асбоб ваҳшатпарвар аст,
З-ин баландиҳои доман ҷуз иёри чин магир.
Парфишон ранге ба дасти ихтиёрат додаанд,
Сайд агар хоҳӣ, ба ҷуз парвоз аз ин шоҳин магир.
Оламе подаррикоби ваҳм – ибратхонаест,
Эй баҳори огаҳӣ, ранг аз ҳинои зин магир.
Эй басо хоке ки аз бардоштан бар бод рафт,
Дасти маъзуре агар гирӣ, ба ин оин магир.
Бетакаллуф тобеъи атвори худбинон мабош,
Оина ҳарчанд дил бошад, мабин, магзин, магир.
Аз нифоқи
дӯстон, Бедил, агар ранҷат расад,
То тавонӣ тарки суҳбатҳо гирифтан, кин магир.