Ҳавои теғи ту афтод то маро дар сар,
Ҳавои теғи ту афтод то маро дар сар,
Ба мавҷи чашмаи хуршед мезанам соғар.
Ҳузури манзили дил хатми ҷодаи нафас аст,
Пайи давидани ҳар реша мерасад ба самар.
Чу лола ғайри сувайдо
чӣ ҷӯшад аз дили мо?
Ҳубоби доғ шуморад муҳит хуни ҷигар.
Ба касб тинати бемағз боби ирфон нест,
Зи бода нашъа муҳол аст қисмати соғар.
Сухан чӣ об диҳад табъҳои беҳисро?
Ба насру назм нагардад димоғи коғаз тар.
Ситам ба хома кунад хушкии давот ин ҷо,
Забон ба ҳарф нагардад, чу гӯш бошад кар.
Наҷот ёфт зи марг, он ки бо қазо пайваст,
Ба чӯбдаста алам нест аз ҷафои табар.
Зи неку бад мижа бастан ҳуҷуми офият аст,
Хумори хоб макаш, гар фикандӣ ин бистар.
Дар ин замона ки ғайр аз сулуки офат нест,
Ба теғи ҳодиса ҳамвориям намуд сипар.
Надошт моидаи умр бе фано мазае,
Намак заданд кабоби маро зи хокистар.
Дарои қофилаи ранг сахт хомӯш аст,
Хабар магир, ки аз мо гирифтаанд хабар.
Тазаллуми ту ба ҷое намерасад, Бедил,
Дар ин бисот ба уммеди бахя ҷайб мадар!