Пӯч аст сарбасар фалаки бемадормағз,
Пӯч аст сарбасар фалаки бемадормағз,
Чун шиша з-ин каду маталаб, зинҳор, мағз.
Роҳат кунад ба сахтии айём нармхӯ,
Аз устухон ба хеш барорад ҳисор мағз.
Завқи хафо зи тинати хосон намеравад,
Чун пӯст мушкил аст, дамад ошкор мағз.
Сарҳо зи бас фишурдаи афсуни ваҳшат аст,
Чун норҷил
мекунад аз худ канор мағз.
Нақд аст интиқоми шукуфтан дар ин чаман,
Ҷӯши шукуфа мекашад аз шохсор мағз.
Азбаски дида дар раҳи тири ту дӯхтем,
Чун устухон сафед шуд аз интизор мағз.
Носеҳ, макаш таронаи ибрат ба гӯши ман,
Дорам саре, ки кошта дар пунбазор мағз.
Нози сабӯ ба сархушии бода мекашанд,
Оташ ба пӯст зан, чу наёяд ба кор мағз.
Умрест осмон ба ҳаво чарх мезанад,
Гардиш нарафт аз ин сари беэътибормағз.
Бемаърифат ба фатвии таҳқиқ куштанист,
Аз ҳар саре ки мағз надорад, барор мағз.
Ку сар, ки фоли ишрати сомон занад касе?
Набвад ҳубоб қобили як қатравор мағз.
Бедил, димоғи сӯхтаи тарзи фикрро
Монанди ноли хома дамад тор-тор мағз.