Даст дорӣ, барфишон чун гул дар ин гулзор зар,
Даст дорӣ, барфишон чун гул дар ин гулзор зар,
Доғ мехоҳӣ, бинеҳ чун лола дар куҳсор сар.
То магар дар базмгоҳи ишқ парвозат диҳанд,
Ҳамчу парвона ба мавҷи шуълае биспор пар.
Ту даруни хона масти хобу дар беруни дар
Дар ғамат аз ҳалқа дорад дидаи бедор дар.
Душмани машқи расоӣ нест ҷуз нафси лаин,
Гӯш он дорад, ки гашт аз макри ин маккор кар.
Ҳар саҳаргаҳ ғӯтаҳо дар ашки булбул мезанад,
Нест аз шабнам чаманро ҷомаву дастор тар.
Аз ғубори хотири ман ҷавҳаре орад ба каф
Бигзарад теғи хаёлаш аз дили афгор гар.
Ғайри бори ишқ ҳар боре ки ҳаст, афканданист,
Бедил, ар боре барӣ, боре ба дӯш ин бор бар.