Ҳукми дил дорад зи ҳамворӣ сару рӯйи гуҳар,
Ҳукми дил дорад зи ҳамворӣ сару рӯйи гуҳар,
Ҷуз ба рӯйи худ нағалтидаст паҳлӯйи гуҳар.
Хоҳ дунё, хоҳ уқбо – гарди бетоби дилест,
Баҳру соҳил реша гир
аз тухми худрӯйи гуҳар.
Завқи ҷамъият ҷаҳонеро ба шӯр овардааст,
Дар димоғи баҳр афтод аз куҷо бӯйи гуҳар?
Хоки афсурдан ба фарқи эътибори худсарӣ,
Қатра бори дил кашад то кай ба нерӯйи гуҳар?
Обрӯ даст аз талоши кори дунё шустан аст,
Хоки соҳил бош, эй номаҳрами хӯйи гуҳар.
Муддао з-ин ҷустуҷӯ афсурдан аст, огоҳ бош,
Ҳар куҷо мавҷест, аз худ меравад сӯйи гуҳар.
Хиффати аҳли виқор аз бетамизиҳо махоҳ,
Қатраро натвон нишондан дар тарозуйи гуҳар.
Мавҷи истиғност хушкӣ дар қаноатгоҳи фақр,
Бенамӣ дар табъи мо обест аз ҷӯйи гуҳар.
Кас ба осонӣ надод ороиши иқболи ноз,
Мавҷ чавгонҳо шикаст аз бурдани гӯйи гуҳар.
Фикри хеш он нест, к-аз дил рафъ нанмоӣ дуӣ,
Фарқ натвон ёфт аз сар то ба зонуйи гуҳар.
Ғозаи иқболи ман хоки раҳи фақр асту бас,
Бедил, аз гарди ятимӣ шустаам рӯйи гуҳар.