Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Чашм во кун, ранги асроре дигар дорад баҳор,

Чашм во кун, ранги асроре дигар дорад баҳор, Он чи дар ваҳмат нагунҷад, ҷилвагар дорад баҳор. Соате чун бӯи гул аз қайди пироҳан баро, Аз ту чашми ошноӣ инқадар дорад баҳор. Каҳкашон ҳам поймоли мавҷи тӯфони гул аст, Сабзаро аз хоби ғафлат чанд бардорад баҳор? Аз салои ранги айши ин чаман ғофил мабош, Пораҳое чанд бар хони ҷигар дорад баҳор. Чашм то во кардаӣ, ранг аз назарҳо рафтааст, Аз насими субҳ доман бар камар дорад баҳор. Бе фано натвон гуле з-ин ҳастии мавҳум чид, Сафҳаи мо гар занӣ оташ, шарар дорад баҳор.368 Аз хазон оина дорад субҳ, то гул мекунад, Ҷуз шикастан нест ранги мо агар дорад баҳор. Абр менолад, к-аз асбоби нишоти ин чаман Ҳар чӣ дорад, дар фишори чашми тар дорад баҳор. Аз гулу сунбул ба назму насри Саъдӣ қонеъам, Ин маонӣ дар «Гулистон» бештар дорад баҳор. Мӯ ба мӯям ҳасрати заҳмат табассум мекунад, Ҳар кӣ гардад бисмилат, бар ман назар дорад баҳор. З-ин чаман, Бедил, на сарве ҷасту не шамшод руст, Аз хаёли қоматаш дуде ба сар дорад баҳор.