Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Чист ҳастӣ ба он ҳама озор?

Чист ҳастӣ ба он ҳама озор? Гули чашмею нози сад мижа хор. Айш музди хаёли навмедист, Ҳасрате хун куну баҳор ангор. Нест имрӯз қобили тарҷеҳ Ҳалқаи суҳбате ба ҳалқаи мор. Дар турушрӯӣ инфиоле ҳаст, Сирка ночор атр орад бор. Дами пирӣ зи худ машав ғофил, Субҳро нест дар нафас такрор. Шояд оинае ба бор ояд, Тухми ашке ба ёди ҷилва бикор. Ҳайратат қадрдони ин чаман аст, Ранг то нашканӣ, мижа мафшор. Чун қалам андалеби маъниро Боли парвоз нест ҷуз минқор. Саркашӣ санги роҳи озодист, Кӯҳ саҳрост, гар шавад ҳамвор. Навсаводи китоби уммедам, Ғофилам, з-он чи мекнам такрор. Хилвати бетакаллуфе дорам, Ки агар ворасам, надорам бор. Бедил, ин боғ ҳайратобод аст, Ҳар гул ин ҷост пуштбардевор.