Ҷисми ғофилро ба андӯҳи рами фурсат чӣ кор?
Ҷисми ғофилро ба андӯҳи рами фурсат чӣ кор?
Корвон ҳар сӯ равад, бар хеш меболад ғубор.
Айши ин гулшан далели табъи хурсанд асту бас,
В-арна, аз кас бедимоғӣ барнамедорад баҳор.
Тоқати худдорӣ аз амвоҷи дарё бурдаанд,
Дод моро ишқ дар беихтиёрӣ ихтиёр.
Ҳамнавое ку, ки аз мо вокашад дарди диле?
Об ҳам дар нола меояд ба завқи кӯҳсор.
Дида натвон ёфтан равшансаводи ҷилвааш,
То ғуборат барнамехезад зи роҳи интизор.
Дил ба завқи васл нақше мезанад бар рӯйи об,
Эй ҳавас, оина бишкан, сахт беранг аст ёр.
Бе нигоҳи вопасине нест аз худ рафтанам,
Чун рами оҳуст гарди ваҳшатам дунболадор.
Ишрати гулзори берангӣ муҳайё кардаам,
Дар хазонам рангҳои рафта меояд ба кор.
Нахли оҳам, обёри ман гудози дил бас аст,
Баҳри раҳмат, гӯ, маҷӯшу абри эҳсон, гӯ, мабор?
То набошам хиҷлатолуди заминагирӣ чу санг,
Маҳмили парвози ман бастанд бар дӯши шарор.
Сар матоб аз чоки ҷайбу домани девонагӣ,
Шонае даркор дорад ришханди рӯзгор.
Барқи роҳатҳост, Бедил, эътибороти ҷаҳон,
Наълдароташ зи ҷӯши ранг мегардад баҳор.