То қиссаи чакидани ашкам шунид абр,
То қиссаи чакидани ашкам шунид абр,
Ҳар ҷо расид, бо мижаи тар расид абр.
Тардоманӣ ба мазраи хиҷлат чӣ реша дошт?
Гар ман ба хок соя фикандам, дамид абр.
Мебоядам зи сояи мижгони тар кашид,
Он хиҷлате ки аз нами доман кашид абр.
Дурӣ зи марказ оинаи эътибори кист?
Ҷуз гиря аз ҷудоии дарё чӣ дид абр?
Ҳарчанд обёрии сад боғу роғ дошт,
Ҷуз доман аз баҳори ҳавас гул начид абр.
Иқбол дигар асту насиби тараб дигар,
Мағрури он машав, ки баҳор офарид абр.
Иброми кас василаи бахти сияҳ мабод,
Даст аз тарӣ нашуста, нагардад сапед абр.
Ирзи ҳаё мабар, ки дар ин куҳнахокдон
Сероби ҳиммат омаду хушкӣ макид абр.
Бепарда аст сунъи мусаввир зи вазъи нақш,
Ҳар ҷо гуле шукуфт, гиребон дарид абр.
Бо сад ҳазор обила бетоби ҷустуҷӯст,
Кас пай намебарад, ба куҷоҳо давид абр,
Бар ҷабҳаи карам арақи шарми ёр буд,
Охир ба сӯи мазраи хушкам хамид абр.
Мадди сахо зи қатра ба дарё кашидааст,
Селоб шуд, зи бориш агар орамид абр.
Ҷуд
эҳтиёҷ мебарад аз тинати гадо,
Ё Раб, зи кишти мо наравад ноумед абр.
Бедил, буруни гӯшаи майхона по манеҳ,
Мино шикаста дар раҳи мастон чакид абр.