Ба иршоди адаб дар дарсгоҳи худсарон магзар,
Ба иршоди адаб дар дарсгоҳи худсарон магзар,
Дуҳул нобаста бар лаб, дар сафи воиз гарон магзар.
Ба таҳсини хасисон ҳеҷ нафрине намебошад,
Ба рӯйи теғ бигзар, бар лаби беҷавҳарон магзар.
Ду олам нанг дорад як қадам лағзиш ба худ бастан,
Чу хатти имтиҳон бар ҷодаи каҷмистарон магзар,
Тиҳӣ шав аз худу роҳат шумар офоти дунёро,
Гар ин киштӣ надорӣ, аз муҳити бекарон магзар.
Мурувват нест, эй мунъим, зи дарвешон табарроят,
Ба шукри фарбиҳӣ аз паҳлуи ин лоғарон магзар.
Ба хони неъмати аҳли дувал нанг аст хӯ кардан,
Агар одамсириштӣ, дар чарогоҳи харон магзар.
Суроғи офият аз халқ берунтозие дорад,
Ба ҳар сӯ бигзарӣ з-ин дашту дар, ҷуз бар карон магзар.
Тааммул дар тариқи ишқ дорад маҳмили хиҷлат,
Ба ҳар роҳе, ки мебояд гузашт аз худ, гарон магзар.
Тааллуқпешаро номи таҷарруд мегазад, Бедил,
Масеҳо гар наӣ, дар кӯчаи сӯзангарон магзар.