Завқи шуҳратҳо далели фитрати хом асту бас,
Завқи шуҳратҳо далели фитрати хом асту бас,
Сурати нақши нигин хамёзаи ном асту бас.
Навҳа кун бар хеш, агар мағлуби чашм афтод дил,
Офтоб он ҷо ки зери хок шуд, шом асту бас.
Аз қабули ом натвон зист мағрури камол,
Он чи таҳсин дидаӣ з-ин қавм, дашном асту бас.
Ҳақшиносӣ ку? Мурувват ку? Адаб ку? Шарм ку?
Ҷаҳди аҳли фазл бар якдигар илзом
асту бас.
Гулрухон доми вафо аз сайди улфат чидаанд,
Гардиши чашме ки ҳуше мебарад, ҷом асту бас.
Ҳар чӣ мебинӣ, бисоторои арзи ҳайрат аст,
Ин гулистон сар ба сар як нахли бодом асту бас.
Ҳеҷ касро қобили он ҷилва напсандид ишқ,
Ҷавҳари ҳайронии оина авҳом асту бас.
Дар раҳи ишқат, ки тадбир офати бетоқатист,
Ҳар куҷо вомондане гул кард, ором асту бас.
Боли оҳе мекашад, ашке ки мерезем мо,
Шабнами моро ҳаво гаштан саранҷом асту бас.
Аз тааллуқ ин қадар хишти бинои кулфатӣ?
Андаке аз худ баро, олам сари бом асту бас.
Чун сиёҳӣ рафт аз мӯ, фикри худдорӣ хатост,
Ҷома ҳар гаҳ шуста гардад, боби эҳром асту бас.
Фитратат Бедил, ҳамон оинаи муъҷизнамост,
Ҳар сухан к-аз хомаат меҷӯшид, илҳом асту бас.