Сайри гулзори кӣ, ё Раб, дар назар дорад баҳор?
Сайри гулзори кӣ, ё Раб, дар назар дорад баҳор?
Аз пари товус доман бар камар дорад баҳор.
Шабнами моро ба ҳасрат об мебояд шудан,
К-аз дили ҳар зарра тӯфоне дигар дорад баҳор.
Ранг доман чидану бӯйи гул аз худ рафтан аст,
Ҳар куҷо гул мекунад, барги сафар дорад баҳор.
Ҷилва, то дидӣ, ниҳон шуд, ранг, то гуфтӣ, шикаст,
Фурсати арзи тамошо ин қадар дорад баҳор.
Маҳрами набзи раму ороми мо ишқ асту бас,
Аз раги гул то хати сунбул хабар дорад баҳор.
Эй хирад, чун бӯйи гул дигар суроғи мо магир,
Дар ҷунун сар дод моро, то чӣ сар дорад баҳор.
Сайри ин гулшан ғанимат дон, ки фурсат беш нест,
Дар тилисми хандаи гул болу пар дорад баҳор.
Бӯйи гул умрест хунолудаи ранг асту бас,
Новаке аз оҳи булбул дар ҷигар дорад баҳор.
Лола доғу гул гиребончоку булбул навҳагар,
Ғайри ибрат з-ин чаман дигар чӣ бардорад баҳор?
Зиндагӣ мебояд, асбоби тараб маъдум нест,
Ранг ҳар ҷо рафта бошад, дар назар дорад баҳор.
Захми дил умрест дар гарди нафас хобондаам,
Дар гиребоне ки ман дорам, саҳар дорад баҳор.
Куҳнадарси фитратем, эй огаҳисармоягон,
Чанд рӯзе шуд, ки моро бехабар дорад баҳор.
Чанд бояд буд маъзури тароватҳои ваҳм?
Шабнамистон нест, Бедил, чашми тар дорад баҳор.