Дарси ҳастӣ фикри такроре надорад, хонда гир,
Дарси ҳастӣ фикри такроре надорад, хонда гир,
Эй фузули мактаби ранг, ин варақ гардонда гир.
Он қадарҳо нест бори улфати ин корвон,
Доманат гарди нафас дорад, чу субҳ афшонда гир.
Ҷуз кафи бемағз аз ин дарё намеояд бурун,
Эй гуҳармуштоқ, деге аз ҳавас ҷӯшонда гир.
Ранги парвозат чу шамъ оғӯш пайдо кардааст,
Бо видоъи хеш ин карруфар аз худ ронда гир.
Эй ҷунун, чандин ғубори ваҳму зан додӣ ба бод,
Хоки бунёди маро ҳам як-ду дам шӯронда гир.
Халқе аз расвоии ҳастӣ назар пӯшиду рафт,
Бар сари ин айб мижгоне ту ҳам пӯшонда гир.
Домани хок аст охир мақсади саъйи ғубор,
Гар ҳама фикрат фалактоз аст, барҷомонда гир.
Дар нигинҳо эътибори ном ҷуз парвоз нест,
Нақши худ ҳар ҷо нишондӣ, ҳамчунон наншонда гир.
Бетааммул ҳар чӣ гӯйӣ, нест шоёни асар,
Теғи ҳукме гар биёзӣ, андаке хобонда гир.
Эй ғурурандеша, бар ваҳми ҷаҳонгирӣ маноз,
Қудрате гар ҳаст, дасти Бедили вомонда гир!