Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Наргисаш во мекунад тӯмори истиғнои ноз,

Наргисаш во мекунад тӯмори истиғнои ноз, Яъне, аз мижгони ӯ қад мекашад болои ноз. Сарви ӯ мушкил, ки гардад моили оғӯши ман, Хам шуданҳо бурдаанд аз гардани минои ноз. Аз ғуборам мекашад доман, тамошо карданист Оҷизиҳои ниёзу бениёзиҳои ноз. Чашми масташ айни ноз, абрӯи мушкин нози маҳз, Ин чӣ тӯфон аст, ё Раб, ноз бар болои ноз! Баски офоқ аз асарҳои ниёзи мо пур аст, Дар бисоти ноз натвон ёфт холӣ ҷои ноз. Ҷайбу домони хаёли мо чаман мепарварад, Баски чидем аз баҳори ҷилваат гулҳои ноз. Бо ҳама улфатнигоҳӣ бетағофул нест ҳусн, Чини абрӯ интихоби мост аз аҷзои ноз. Оламе оина дорад дар камини интизор, То куҷо бепарда гардад ҳусни бепарвои ноз? Саҷдаворе бор дар базми висолам додаанд, Ҳон биноз, эй сар, ки хоҳӣ хок шуд дар пои ноз. То нафас бар хеш меболад, таманно метапад, Ҳар кӣ дидам, бисмил аст аз теғи нопайдои ноз. Бедил, имшаб ёди шамъе хилватафрӯзи дил аст, Дуди оҳам шуълае дорад ба гармиҳои ноз.