Кай равад аз хотири ошуфтаам савдои ноз?
Кай равад аз хотири ошуфтаам савдои ноз?
Мӯбамӯям реша дорад аз хаташ ғавғои ноз.
Аршпарвоз аст маънӣ, то замингир аст лафз,
Ин қадар аз аҷзи ман қад мекашад болои ноз.
Дил натанҳо аз тағофулҳои саршораш гудохт,
Ҳайрати оина ҳам хун аст аз истиғнои ноз.
Нест мумкин гул кунад з-ин пардаи аҷзу ғурур,
Ишқи бе арзи ниёзу ҳусни беимои ноз.
То ба шӯхӣ мезанад ҳуснат, арақ гул мекунад,
Нест бе эҷоди гавҳар мавҷи ин дарёи ноз.
Баски иброми ниёз аз бехудӣ бурдем пеш,
Чини абрӯ шуд табассум бар лаби гӯёи ноз.
Гарчи ранги шӯхчашмӣ барнамедорад ҳаё,
Дар арақ яксар нигаҳ мепарварад симои ноз.
Дар чаман раъноии сарви лаби ҷӯям гудохт,
Аз куҷо афтодааст ин сояи болои ноз?!
То ба кай бошӣ фузули орзуҳои ғурур?
Дар ниёзободи ҳастӣ нест холӣ ҷои ноз.
Шуълаи афсурда раъноӣ ба хокистар нуҳуфт,
Мӯи пирӣ гашт охир пунбаи минои ноз.
Гар тазаллум доманат гирад, ба дил хун кун нафас,
Бо тағофул тавъам афтодаст сар то пои ноз.
Чашм ку, то аз қумоши ҳайрат огоҳаш кунанд?
Сахт беранг аст, Бедил, сурати дебои ноз.