Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Мардӣ, чу шамъ дар ҳама ҷо ҷо нигоҳ дор,

Мардӣ, чу шамъ дар ҳама ҷо ҷо нигоҳ дор, Ҳарчанд сар ба бод равад, по нигоҳ дор. Гавҳар дамад, даме ки кунад қатра забти мавҷ, Дил ҷамъ кун, инони ҳавасҳо нигоҳ дор. То гум нагардад оинаи бенишоният, Ҳар ҷо равӣ, ба сар пари анқо нигоҳ дор. Иброми мо захираи сад ранг обрӯст, Ҳар хиҷлате ки мебарӣ аз мо, нигоҳ дор. Оғӯши бениёзи дил аз муддао тиҳист, Ин шишаро ба санг фикан ё нигоҳ дор. Ҳар ҷо хати риояти аҳбоб хонданист, Номи вафо ҳамон ба муаммо нигоҳ дор, Якбора сарфи яъс макун номи рафтагон, Чизе зи дӣ ба ибрати фардо нигоҳ дор. Дар базми васлам орзуи ҷилва доғ кард, Ё Раб, маро зи хоҳиши беҷо нигоҳ дор. То дар чӣ вақт шуъла занад дуди эҳтиёҷ, Муште арақ ба манъи тақозо нигоҳ дор. Эй мункири муҳол, агар марди тоқатӣ, Ёди хироми ӯ куну худро нигоҳ дор. Бе бода низ шиша ба тоқи ҳавас хуш аст, Моро ба ёдгори дили мо нигоҳ дор. Домони аҷз бо ҳама қудрат зи каф мадеҳ, Азсарфитодане ба таҳи по нигоҳ дор. То ҳирс кам хӯрад ғами чизе надоштан, Эй булфузул, даст зи дунё нигоҳ дор. Бедил, ғариби кишвари лафз аст маъният, Ирзи парӣ ба олами мино нигоҳ дор.