Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Шони муаллим
Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.
Худо гар парда бардорад
Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке
Тоҷикистон
Тоҷикистон, Тоҷикистон, Ҳар куҷое рафтам аз оғӯши ту, Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам, Пойи худро раҳ ба раҳ то сарҳадат
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
90. РАФТАНИ РУСТАМ БА КӮҲИ СИПАНД
Чу бишнид Рустам, баророст кор, Бар он сон, ки буд дархури корзор. Ба бори намак-дар ниҳон кард гурз, Барафрохта паҳлавон ёлу бурз.
89. КУШТАНИ РУСТАМ ПИЛИ САПЕДРО
Чунон буд, ки як рӯз бо дӯстон Ҳаме бода хӯрданд дар бӯстон. Хурӯшанда гашта дили зеру бам, Шуда шодмон номдорон ба ҳам.
88. ОМАДАНИ СОМ БА ДИДАНИ РУСТАМ
Чу огоҳӣ омад ба Соми далер, Ки шуд пури Дастон ба кирдори шер, Кас андар ҷаҳон кӯдаки норасид Бад-ин шермардиву гурдӣ надид,
87. ГУФТОР АНДАР ЗОДАНИ РУСТАМ
Басе барнаёмад бар ин рӯзгор, Ки озодасарв андаромад ба бор. Баҳори дилафрӯз пажмурда шуд, Дилаш бо ғаму ранҷ биспурда шуд.
86. РАСИДАНИ ЗОЛ БА НАЗДИКИ СОМ
Ҳаме ронд Дастон гирифта шитоб, Чу парранда мурғу чу киштӣ бар об. Касеро, ки буд з-омадан-ш огаҳӣ, Пазира бирафтанд бо фарраҳӣ.
85. ПОСУХИ НОМАИ СОМ АЗ МАНУЧЕҲР
Пас он номаи Сом посух набишт, Шигифтӣ суханҳои фаррух набишт, Ки, эй номвар паҳлавони далер, Ба ҳар кор пирӯз бар сони шер.
84. ҲУНАР НАМУДАНИ ЗОЛ ДАР ПЕШИ МАНУЧЕҲР
Чу Зол ин суханҳо бикард ошкор, Аз ӯ шодмон шуд дили шаҳрёр. Ба шодӣ ҳама анҷуман баршигифт, Шаҳаншоҳи гетӣ зеҳозеҳ гирифт.
83. ПОСУХ ДОДАНИ ЗОЛ МӮБАДОНРО
Замоне дар андеша буд Золи Зар, Баровард ёлу бигустард бар. В-аз он пас забонро ба посух кушод, Ҳама пурсиши мӯбадон кард ёд.
82. ПИЖӮҲИШ КАРДАНИ МӮБАДОН АЗ ЗОЛ
Бихонд он замон Золро шаҳрёр, К-аз ӯ хост кардан сухан хостор. Нишастанд бедордил бихрадон, Ҳамон Зол бо номвар мӯбадон,
81. ОМАДАНИ ЗОЛ БО НОМАИ СОМ БА НАЗДИ МАНУЧЕҲР
Кунун гӯш кун рафтану кори Зол, Ки шуд зӣ Манучеҳри фархундафол. Чу огоҳӣ омад сӯи шаҳрёр, Ки омад зи раҳ Золи Соми савор,
80. ДИЛХУШӢ ДОДАНИ СОМ СИНДУХТРО
Чу пардохт ганҷ, андаромад ба асп Чу гурде ба кирдори Озаргушасп, Яке тарги румӣ ба сар барниҳод, Яке бора зер - андараш ҳамчу бод,
79. ҲАШМ ГИРИФТАНИ МЕҲРОБ БАР СИНДУХТ
Ба Кобул чу ин достон фош гашт, Сари марзбон пур зи пархош гашт. Барошуфту Синдухтро пеш хонд, Ҳама хашми Рӯдоба бар вай биронд.
78. РАФТАНИ ЗОЛ БА РАСУЛӢ НАЗДИ МАНУЧЕҲР
Нависандаро пеш биншонданд, Зи ҳар дар фаровон сухан ронданд. Сари нома кард офарини Худой, Куҷо буду бошад ҳамеша ба ҷой.
77. РАФТАНИ СОМ БА ҶАНГИ МЕҲРОБ
Ба Меҳробу Дастон расид ин сухун, Ки шаҳ бо сипаҳбад чӣ афканд бун. Баромад ҳама шаҳри Кобул ба ҷӯш, В-аз айвони Меҳроб бар шуд хурӯш.
76. ОМАДАНИ СОМ БА НАЗДИ МАНУЧЕҲР
Чу омад ба наздикии боргоҳ, Пиёда шуду роҳ бикшод шоҳ. Чу шоҳи ҷаҳондор бинмуд рӯй, Заминро бибӯсиду шуд пеши ӯй.
75. ОГОҲ ШУДАНИ МАНУЧЕҲР АЗ КОРИ ЗОЛ ВА РӮДОБА
Пас огоҳӣ омад ба шоҳи бузург Зи Меҳробу Дастони Соми сутург. Зи пайванди Меҳробу аз меҳри Зол, В-аз он ҳарду озодаи ноҳамол
74. ОГОҲ ШУДАНИ МЕҲРОБ АЗ КОРИ ДУХТАРАШ
Биёмад зи даргоҳ Меҳроб шод, К-аз ӯ карда буд Зол бисёр ёд. Гаронмоя Синдухтро хуфта дид, Рухаш пажмурида, дил ошуфта дид.
73. ОГОҲӢ ЁФТАНИ СИНДУХТ АЗ КОРИ РӮДОБА
Миёни сипаҳдору он сарвбун Зане буд гӯянда, ширинсухун. Паём оваридӣ сӯи паҳлавон, Ҳам аз паҳлавон сӯи сарви равон.
72. РОЙ ЗАДАНИ СОМ БО МӮБАДОН ДАР КОРИ ЗОЛ
Чу бархост аз хоб, бо мӯбадон Яке анҷуман кард бо бихрадон. Кушод он сухан бар ситорашумар, Ки фарҷоми ин бар чӣ ояд ба сар?
71. НОМА НАВИШТАНИ ЗОЛ НАЗДИКИ СОМ ВА АҲВОЛ НАМУДАН
Сипаҳбад нависандаро пеш хонд, Дил оганда будаш, ҳама барфишонд. Яке нома фармуд наздики Сом, Саросар навиду дуруду паём,
70. РОЙ ЗАДАНИ ЗОЛ БО МӮБАДОН ДАР КОРИ РӮДОБА
Чу хуршеди тобон баромад зи кӯҳ, Бирафтанд гурдон ҳама ҳамгурӯҳ. Бидиданд мар паҳлавонро ба гоҳ, В-аз он ҷойгаҳ баргирифтанд роҳ.
69. РАФТАНИ ЗОЛ БА НАЗДИ РӮДОБА
Чу хуршеди тобанда шуд нопадид, Дари ҳуҷра бастанду гум шуд калид. Парастанда шуд сӯи Дастони Сом, Чу шуд сохта кор, бигзор гом.
68. БОЗГАШТАНИ КАНИЗАКОН БА НАЗДИ РӮДОБА
Бирафтанд хубону баргашт Зол Шабе дерёзон ба болои сол. Расиданд хубон ба даргоҳи кох, Ба даст - андарун ҳар як аз гул ду шох.
67. РАФТАНИ КАНИЗАКОНИ РӮДОБА БА ДИДАНИ ЗОЛИ ЗАР
Парастанда бархост аз пеши ӯй, Бар он чора бечора бинҳод рӯй. Ба дебои румӣ биёростанд, Сари зулф бар гул биперостанд.
66. РОЙ ЗАДАНИ РӮДОБА БО КАНИЗАКОН
Чунон буд, ки Меҳроб рӯзе пагоҳ Хиромон биёмад аз он боргоҳ. Гузар кард сӯи шабистони хеш, Ду хуршед дид андар айвони хеш.

