Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

ПИЖӮҲИШ КАРДАНИ МӮБАДОН АЗ ЗОЛ

Бихонд он замон Золро шаҳрёр, К-аз ӯ хост кардан сухан хостор. Нишастанд бедордил бихрадон, Ҳамон Зол бо номвар мӯбадон, Бад-он то бипурсанд аз ӯ чанд чиз, Суханҳои бинҳуфта дар парда низ. Бипурсид аз Золи Зар мӯбаде, Аз ин тезҳуш роҳбин бихраде, Ки «Дидам даҳу ду дарахти саҳӣ, Ки рустаст шодоб бо фарраҳӣ. Аз он барзада ҳар яке шох сӣ, Нагардад каму беш дар порсӣ». Дигар мӯбаде гуфт: «Эй сарфароз, Ду аспи гаронмояи тезтоз, Яке з-он ба кирдори дарёи қор, Яке чун булӯри сапед обдор Биҷунбанду ҳар ду шитобандаанд, Ҳамон якдигарро наёбандаанд.» Се дигар чунин гуфт, к-«Он сӣ савор Куҷо баргузаштанд бар шаҳрёр Яке кам шавад рост, чун бингарӣ, Ҳама сӣ бувад, боз чун бишмарӣ». Чаҳорум чунин гуфт, к-«Он марғзор, Ки бинӣ пур аз сабзаву ҷӯйбор, Яке мард бо тез досе бузург Сӯи марғзор - андар ояд сутург. Ҳама тарру хушкаш ба ҳам бидравад, Агар лоба созӣ, сухан нашнавад.» Дигар гуфт, к-«Он саркашида ду сарв Зи дарёи бомавҷ бар сони ғарв, Яке мурғ дорад бар эшон куном, Нишемаш ба шом он бувад, ин ба бом. Аз ин чун бипаррад, шавад барг хушк, Бар он барнишинад, диҳад бӯи мушк. Аз он ду ҳамеша яке обдор, Яке пажмурида шуда сӯгвор.» Бипурсид дигар, ки «Бар кӯҳсор Яке шорсон ёфтам устувор.