ОГОҲ ШУДАНИ МАНУЧЕҲР АЗ КОРИ ЗОЛ ВА РӮДОБА
Пас огоҳӣ омад ба шоҳи бузург
Зи Меҳробу Дастони Соми сутург.
Зи пайванди Меҳробу аз меҳри Зол,
В-аз он ҳарду озодаи ноҳамол
Сухан рафт ҳар гуна бо мӯбадон,
Ба пеши сарафроз шоҳи ҷаҳон.
Чунин гуфт бо бихрадон шаҳрёр,
Ки «Бар мо шавад з-ин дижам рӯзгор.
Чу Эрон зи чанголи шеру паланг
Бурун оваридам ба рою ба ҷанг,
Фаридун зи Заҳҳок гетӣ бишуст,
Ки Меҳроби Кобул зи тухмаш бируст.
Набояд, ки бар хира аз ишқи Зол
Ниҳоли сарафканда гардад ҳамол.
Гар аз духти Меҳробу аз пури Сом
Барояд яке теғи тез аз ниём,
Ба як сӯ на аз гавҳари мо бувад,
Чу тарёк бо заҳр ҳамто бувад.
Ва гар тоб гирад сӯи модараш,
Зи гуфти бад оганда гардад сараш.
Кунад шаҳри Эрон пурошӯбу ранҷ,
Бад-ӯ бозгардад магар тоҷу ганҷ.
Кунун ин суханро чӣ посух диҳед,
Бикӯшед, то рои фаррух ниҳед».
Ҳама мӯбадон офарин хонданд,
Варо хусрави покдин хонданд.
Бигуфтанд, к-«Аз мо ту донотарӣ,
Ба боистаниҳо тавонотарӣ.
Ҳамон кун куҷо аз хирад дарх(в)арад,
Дили аждаҳоро хирад бишкарад».
Чу бишнид аз эшон гаронмоя шоҳ,
Саранҷоми онро ҳаме ҷуст роҳ.
Бифармуд, то Нӯзар омад ба пеш
Або вижагону бузургони хеш.
Бад-ӯ гуфт: «Рав пеши Соми савор,
Бипурсаш, ки чун растӣ аз корзор?
Чу дидӣ, бигӯяш, к-аз ин сӯ гирой,
Зи наздики мо кун сӯи хона рой».